Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода зиёда аз 30 довталаб аз рӯйи ихтисоси маҳорати актёрӣ дар соҳаи синамо барои дохил шудан ба Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва имтиҳон месупорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Тибқи нақшаи қабул, 15 довталаб имкони ба ин донишкада дохил шуданро дорад.
Барои довталабон донистани забони русӣ ҳатмӣ буда, ба шахсоне, ки забони англисиро медонанд, бартарият дода мешавад.
Муҳлати таҳсил тибқи бурсияҳои Агентии федералии Федератсияи Русия оид ба Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чор сол ройгон буда, донишҷӯён бо хобгоҳ ва стипендия таъмин карда мешаванд.
Ҳамкории Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Донишкадаи умумирусиягии кинематографияи ба номи Сергей Герасимови шаҳри Москва дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушд додани соҳаи синамои тоҷик тақвият меёбад.
АКС аз манбаъҳои боз