Дар доираи корҳои созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон бинои Қасри фарҳанг, нозироти андоз, бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, Боғи фарҳангию истироҳатӣ ва дигар иншоот сохта, ба истифода дода мешаванд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, инфрасохтори ноҳия бо усули муосири меъморӣ, сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки иншооти ҷашнӣ бо сифати баланд ва тибқи нақша сохта мешаванд. Сохтмончиён бояд ба намои берунии бино аҳамияти ҷиддӣ дода, масъулин ҳамзамон ба масъалаи ободу зебо кардани муҳити атроф, саҳни ҳавлии Қасри фарҳанги ноҳия, равшаннамоӣ, шинонидани гулу буттаҳо, ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз ва сояафкан таваҷҷуҳ зоҳир кунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон