Президенти Тоҷикистон: «Обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об — тамоюли дигари таҳдидовар аст, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст»

Тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, аз соли оянда 21 март ҳамасола ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон бо ин, дар асоси қатъномаи мазкур, Тоҷикистон дар соли 2025 аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мизбонӣ хоҳад кард. Вобаста ба ин, мехоҳам аз ҳамаи Шумо даъват намоям, то дар ин ҳамоиши байналмилалӣ фаъолона иштирок намоед. Чунин даъват намуданд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронӣ аз иштирокдорони Ҳамоиши сеюми Садои ҷаҳони Ҷануб таҳти унвони «Тақвияти ҷаҳони Ҷануб барои ояндаи устувор».

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ин суханронӣ хотиррасон шуданд, ки тамоюли дигари таҳдидовар, ки имрӯз боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои об мебошад.

«Қобили тазаккур аст, ки тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи ҷумҳурии мо, зиёда аз як ҳазори он пурра об шудааст.Ин дар ҳолест, ки пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии ташаккул ёфтани то шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд. Маҳз ба ҳамин хотир, ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» дастгирии ҳамаҷониба ёфт», -иброз намуданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки «Тоҷикистон 98 фоизи барқи худро аз ҳисоби захираҳои гидроэнергетикӣ, яъне аз манбаъҳои барқароршаванда истеҳсол мекунад. Аз рӯйи фоизи тавлиди «энергияи сабз» мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамоем. Мо тасмим гирифтаем, ки ин нишондиҳандаро то соли 2032 ба сад фоиз расонем, яъне тавлиди нерӯи барқро пурра аз ҳисоби захираҳои «энергияи сабз» ба роҳ монда, Тоҷикистонро то соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил диҳем».