13 август дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод таҳти унвони «Tajikistan—Pakistan Roadshow» чорабинии сайёҳӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон Юсуф Шарифзода, роҳбарияти Корпоратсияи Покистон оид ба рушди сайёҳӣ, намояндагони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон, 150 намояндаи соҳаи сайёҳии Покистон, роҳбарияти 70 ширкату танзимгарони сайёҳӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ, радио ва телевизион, инчунин кормандони сафоратҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Ба иштирокдорон иқтидор ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.
Дар фарҷом ба ҳамаи иштирокдорон армуғонҳо, брошюраҳо ва феҳрастҳо доир ба маконҳои сайёҳии Тоҷикистон тақдим гардид.
Илова бар ин 10 ёддошти ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Покистон ба имзо расонида шуда, ҳамзамон онҳо ба Форуми сайёҳии Тоҷикистон, ки охири моҳи сентябри соли 2024 баргузор мешавад, даъват гардиданд.
Ба иттилои Директори генералии ҶДММ «Сомон Трэвел» Умедҷон Саидзода, иштирокдорон имкон доштанд дар бораи иқтидори сайёҳии Тоҷикистон, имконияти ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва шароити дархост намудани чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар хатсайри Душанбе-Исломобод маълумоти зарурӣ дастрас намоянд ва ҳамзамон аз видеоҳои нави таъсирбахш дар бораи мамлакати мо баҳра баранд.
«Ояндаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон дурахшон аст ва мо аз муваффақияти давлатамон дар арсаи байналмилалӣ ифтихор дорем», — таъкид намуд ӯ.
Иброз гардид, ки аз 8 то 15 август намояндагони якчанд ширкати сайёҳӣ аз Тоҷикистон дар Покистон қарор доштанд ва бо намояндагони сохторҳои соҳаи сайёҳии давлатӣ ва хусусии Покистон вохӯриҳо анҷом доданд.
Зимни вохӯриҳо масъалаҳои рушди сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, ташкили саёҳатҳои маълумотии мутақобила (инфотур) барои намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва воситаҳои ахбори омма, мубодилаи таҷриба, инчунин ташкили машғулият доир ба пешниҳоди хизматрасонии сайёҳӣ муҳокима гардиданд.
АКС: Умедҷон Саидзода