15 август гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Директори Департаменти коммуникатсия, стратегия ва сиёсат, Директори Департаменти ҳамкории байналмилалии Агентии авиатсияи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Тим Ҷонсон ва муовини Сардори хадамот оид ба музокироти байналмилалӣ дар самти авиатсияи Вазорати нақлиёти Подшоҳии Муттаҳида Ҷефф Беван вохӯриҳо анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯриҳо масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе-Лондон баррасӣ шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ифтитоҳи парвозҳо дар ин самт охири сол ба нақша гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта дар шаҳри Лондон байни намояндагони соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мулоқот баргузор шуд. Зимни он масъалаҳои вобаста ба рушди алоқаи ҳавоӣ, аз ҷумла ифтитоҳи парвозҳои мустақим дар хатсайри Душанбе – Лондон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
24 июл зимни нишасти матбуотӣ дар ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки барои ифтитоҳи хатсайри мустақим байни Душанбе ва Лондон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Интизор меравад, ки баъди ба мувофиқа расидани ҷонибҳо парвозҳоро дар хатсайри Душанбе-Лондон ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон –«Сомон Эйр» ва аз ҷониби Британияи Кабир ширкати ҳавопаймоии «British Airways» анҷом диҳанд.
Баргузории чунин вохӯриҳо дар рушди соҳаи авиатсияи граждании давлатҳо нақши муассир гузошта, ба афзоиши хатсайрҳои ҳавоии байналмилалӣ ва интиқоли бору мусофирон заминаи мусоид фароҳам меоварад.
АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон