Имсол дар Вазорати нақлиёт ва муассисаҳои тобеи он ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфта, ба зиёда аз 80 фоиз расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Дар вазорат ва муассисаҳои тобеи он дар ин давра 81,2 фоиз амалиёти молиявӣ ба тариқи онлайн анҷом дода шудааст. Имсол зиёда аз 11 ҳазору 973 амалиёти пулӣ ба маблағи беш аз 104 миллиону 592 ҳазору 505 сомонӣ амалӣ карда шуд. Ҳоло беш аз 4128 корманди вазорат ва муассисаҳои тобеи он аз кортҳои пластикии бонкӣ, рамзҳои ягонаи QR, хизматрасонии 123 POS-терминалҳои бонкҳои ватанӣ, инчунин замимаҳои мобилии ташкилоти молиявии мамлакат истифода мебаранд.
Дар терминалҳо, нуқтаҳои ченкунии вазни мошинҳои боркаш ва корхонаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ҳангоми пардохти хизматрасонӣ тавассути интернет дар баробари кортҳои бонкӣ ҳамёнҳои электронӣ низ истифода мешаванд. Татбиқи пардохти бе тамос навбатпоии мизоҷон ва хароҷоти корхонаҳои нақлиётиро коҳиш дода, сифати хизматрасониро баланд мебардорад.
Низоми нави пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе ҳанӯз соли 2018 ҷорӣ шуда буд. Муаррифии лоиҳаи низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорат дар нақлиёти ҷамъиятии автомобилии пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид. Тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои татбиқи ин лоиҳа аз ҷониби ҶДММ «Авесто Групп» ворид карда шудааст. Автобусҳо ва троллейбусҳои пойтахт бо валидаторҳо муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, ки пардохти роҳкироро тавассути корти ягонаи Citycard қабул мекунанд. Ин корти пластикие аст, ки онро аз ронандагони троллейбусу автобусҳо ва дӯкону терминалҳое, ки дар истгоҳҳои нақлиёти шаҳр ҷойгиранд, харидан ва дар терминалҳо тавозуни онро пур кардан мумкин аст.
Инчунин фурӯши чиптаҳо бо роҳи ғайринақдӣ дар қатораҳои байналмилалии мусофиркашонии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тавассути ҳамёни электронии АСУ «Экспресс» ба таври онлайн амалӣ карда мешавад, ки барои хариди чипта муносиб ва муфид аст. Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт»-и Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ корҳо оид ба ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон идома доранд. Тавассути ин низом тарзи автоматикунонидаи баҳисобгирии хизматрасониҳо, нархномаи онҳо ва ҳисоббаробаркунӣ барои пардохт амалӣ мешавад.
22 июни соли 2023 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба имзо расид. Тибқи он аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳои пулӣ аз ҷониби вазоратҳо, идораҳо ва ташкилоти давлатӣ дар шакли ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад. Ин иқдом саривақтӣ буда, пеш аз ҳама, ба таъмини шаффофияти амалиёти молиявӣ, ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ равона гардидааст.
Гузариш ба низоми пардохти ғайринақдӣ талаботи аҳолиро ба пули нақд коҳиш медиҳад, навбати одамонро дар назди банкоматҳо ва кассаҳои ташкилоти молиявӣ барои гирифтани пули нақд аз байн мебарад, вақт ва хароҷоти иловагии аҳолиро сарфа мекунад. Раванди пардохтҳои ғайринақдӣ аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, истифодаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ҳангоми пардохт барои хизматраснии давлатӣ ин равандро осон ва мувофиқ мегардонад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон