Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштаанд, ки «имрӯз моро зарур аст, ки ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот, вазъи экологӣ ва бо ин мақсад таҷдиди назар кардану такмил додани қонунгузории соҳа ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир кунем».
Вобаста ба ин масъалаи муҳими глобалӣ, унвонҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Самариддин Мирзоев иброз медорад, ки масоили экологӣ аз муҳимтарин масъалаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, бо назардошти таъсири бевоситаи он ба ҳаёти тамоми мавҷудот ва xатарҳои маргбори он дар сарxати аввали тамоми чорабиниҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва расонаҳои xабарӣ қарор гирифтааст.
— Тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, ҳифзи пиряхҳо ва дигар мушкилот дар оянда ба ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари ҷиддӣ дошта, хисороти зиёде ба бор меоранд. Вобаста ба ин ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли тағйирёбии иқлим, мушкилоти экологӣ, амнияти экологӣ, ҳифзи пиряхҳо, таъмини аҳли сайёра бо оби ошомиданӣ бузург буда, ҳалли онҳо ба пешгирии пайомадҳои офатҳои табиӣ ва ҳифзи саломатии аҳли сайёра такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳамин аст, ки аз замони расидан ба Истиқлоли давлатӣ ва таъмини сулҳу ваҳдат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари рушди соҳаҳои мамлакат ба ташаббусҳои башардӯстона таваҷҷуҳ зоҳир намуда, нигоҳи аҳли сайёраро ба ин мушкилот ҷалб карданд,- мегӯяд Самариддин Мирзоев.
Яке аз масъалаи асосие, ки ба ифлос шудани муҳити зист таъсири ҷиддӣ мерасонад, нодуруст истифода бурдани нақлиёти автомобилӣ мебошад. Мушкилоти бехатарии экологии нақлиёти автомобилӣ қисми таркибии бехатарии экологии мамлакат ба шумор рафта, аҳамият ва шиддатнокии ин масъала сол аз сол зиёд мешавад.
Дар асоси таҳлилҳои коршиносон, як автомобил ҳамасола аз атмосфера ба ҳисоби миёна зиёда аз 4 тонна оксигенро ҷаббида, ҳамзамон бо газҳои коркардшуда тақрибан 800 кг гази карбон, 40 кг оксиди азот ва қариб 200 кг карбогидратҳои гуногун хориҷ мекунад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки бо сабаби аз ҳад зиёд ихроҷ шудани моддаҳои заҳрдор аз нақлиёти автомобилӣ давомнокии миёнаи ҳаёти сокинони шаҳр назар ба деҳот ба ҳисоби миёна 4 — 5 сол камтар мебошад.
Аз ин нуқтаи назар нақлиёти автомобилӣ сарчашмаи заҳролудкунандаи ҳавои атмосферӣ ба шумор меравад,- мегӯяд Самариддин Мирзоев.
Ҳамчунин боғу гулгаштҳо асосан ба беҳтар шудани вазъи санитарию гигиенӣ, рекреатсионӣ, сохторӣ, банақшагирӣ ва ороишию зебоӣ равона шудаанд. Боғҳо, гулгашту хиёбонҳо барои муътадилии микроиқлими шаҳр саҳми арзанда доранд, ки ин барои фаъолияти муътадил ва истироҳати бофароғати меҳмонону сокинон муҳим аст. Дохили боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе бо тарҳи наву замонавӣ ва растаниҳои ороишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дарахтон дар рӯзҳои гарм ҳароратро паст ва намии таркиби ҳаворо афзун менамоянд ва ин ба фаъолияти муътадили сокинони пойтахт ва саломатии онҳо мусоидат менамояд.
Дар ин замина тибқи таҳлилҳои коршиносон, инсон ва дигар организмҳо низ бештар ба фаъолияти муътадили растаниҳои сабз, ки аз худ моддаҳои бухоршавандаи зиёде ҷудо менамоянд, барои маҳв намудани микроорганизмҳои касалиовар равона шудаанд. Дар ҳавои ҷангал миқдори мироорганизмҳои касалиовар назар ба ҳавои шаҳр 40-70 маротиба камтар аст. Растаниҳо қобилияти паст намудани консентратсияи газҳои зарарноки таркиби ҳаворо низ доранд.
Нақши растаниҳои сабз дар кам намудани заррачаҳои гарди таркиби ҳаво хеле назаррас аст. Онҳо то 70% зарраҳои гарди таркиби ҳаворо дар баргу пояи сабзи худ нигоҳ медоранд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки як гектар сафедорзори ҷавон дар муддати фаъолияти мавсимӣ бештар аз 340-400 кг гардро нигоҳ медорад. Аз ин рӯ, дар таркиби ҳавои кӯчаю хиёбонҳои сабзазоршуда маводи зараровар 3-5 маротиба кам мебошад. Растаниҳои сабз ҳатто қобилияти аз таркиби ҳаво полоиш намудани маводи радиоактивиро ҳам доранд. Растаниҳои сабз дар паст намудани таъсири садоҳои гуногун ба саломатии инсон аҳамияти нотакрор доранд.
Самариддин Мирзоев пешниҳод дорад, ки яке аз чорабиниҳои асосие, ки барои пешгирии ин мушкилот мусоидат мекунад, зиёд намудани майдони сабзазор ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон барои истифодаи дурусти боғу гулгашт ва хиёбонҳо барои роҳ ба сӯи ояндаи сабз дар таъмини амнияти экологӣ мебошад.
Барои расидан ба ояндаи сабз ва таъмини амнияти экологӣ бояд тарбияи экологӣ амалӣ шавад. Бояд минбаъд мактаби экологӣ, театри экологӣ, бозӣ ва ҷашнҳои экологӣ, лагери экологӣ, сайёҳии экологӣ, маҳфилҳои экологӣ, осорхонаи экологӣ, иқдому намоишҳои экологӣ ба роҳ монда шаванд, зеро чунин чорабиниҳо дар таъмини амнияти экологӣ нақши муассир доранд. Ҳамчунин барои бартараф кардани мушкилоти мавҷуда дар ин самт бояд бештар таҳқиқоти илмӣ анҷом дода шаванд.
Дар иртибот ба Соли маърифати экологӣ эълон шудани соли 2024 дар шаҳри Душанбе Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки барои ҳифз ва солимгардонии муҳти зист, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва ташаккули фарҳанги шаҳрнишинӣ дар 50 нуқтаи осебпазири партовҷамъкунии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе камераҳои мушоҳидавӣ насб намояд.
Амалӣ намудани чунин тадбири экологӣ ба риоя шудани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, сари вақт пешгирӣ кардани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, зери назорати доимӣ қарор додан ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зисти аҳолӣ ва беҳтар шудани вазъи экологии пойтахт мусоидат менамояд.