Минбаъд соҳибони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ҳангоми бақайдгирӣ дар Бозрасии давлатии автомобилӣ бояд рақами давлатии сабз гиранд. Дар ин хусус 8 августи имсол дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Мирзомуродзода хабар дод. Илова гардид, ки рақамҳои сабз барои мошинҳо мисли рақамҳои муқаррарӣ 380 сомонӣ арзиш доранд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки чунин талабот мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2024 дар доираи «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» амалӣ шудааст.
Қаблан аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ «Консепсияи гузариш ба низоми барқӣ дар нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026» ва қарор дар бораи то 1 сентябри соли 2025 пурра гузаштан ба хизматрасонии мусофирони таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқӣ ба имзо расида буд.
Дар мавриди «додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар бартарият», «ташаккули маҷмуи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ» метавон додани нишонаҳои рақамии сабзро низ ба ҳамин қатор дохил кард. Ҳарчанд ин рақамҳо барои баланд бардоштани огоҳӣ дар бораи мошинҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар роҳҳои мо ҷорӣ карда шудаанд, аммо азбаски муайян кардани чунин мошинҳо осон аст, рақамҳои сабз инчунин маънои онро хоҳанд дошт, ки давлат метавонад дар оянда ба ронандагон баъзе бартарияти дигар низ пешниҳод намояд.
Барои мисол, дар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ба мошинҳои барқӣ воридшавӣ ба хати ҳаракати автобусҳо, истифода аз таваққуфгоҳи арзонтар ва даромадан ба минтақаҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза иҷозат дода шудааст.
Бори аввал 5-6 сол муқаддам мошинҳои дорои рақами сабз дар роҳҳои Чин ва Канада пайдо шуда буданд. Ҳоло таҷрибаи насби рақамҳои сабз дар мошинҳои барқӣ дар тамоми қитъаҳо – Осиё, Амрико, Аврупо ва Африқо ривоҷ ёфтааст.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон