1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз мегардад

1 сентябр дар тамоми муассисаҳои таълимии Тоҷикистон соли нави таҳсил оғоз мегардад. Рӯзи дониш, яъне 1 сентябр, новобаста аз он ки ба рӯзи якшанбе — истироҳат рост меояд, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ рӯзи дарсӣ эълон мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар соли хониши 2024-2025 тақрибан 260 ҳазор нафар нахустин маротиба қадам ба мактаб мемонанд, ки 125 ҳазорашро духтарон ва 135 ҳазорашро писарон ташкил медиҳанд.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 3991 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мекунад. Дар ин муассисаҳо 2 миллиону 278 ҳазору 648 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки онҳоро 127 ҳазору 620 нафар омӯзгорон таълим медиҳанд.