Кумитаи рушди сайёҳӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ озмун эълон менамояд

Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ (27 сентябр) дар номинатсияҳои «Беҳтарин ширкати сайёҳӣ», «Беҳтарин меҳмонхона», «Беҳтарин тарабхона», «Беҳтарин роҳбалад» ва «Беҳтарин блогнависи соҳаи сайёҳӣ» озмун эълон менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, ҳавасмандгардонии субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони воситаҳои ахбори омма, блогерон, ҷалб намудани коршиносони мустақил ба тарғибу ташвиқи васеи имконияти сайёҳӣ дар сомонаҳои мустақил, густариш бахшидани хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ ва ба ин васила ҷалби сайёҳони хориҷӣ доир мешавад.

Дар озмун дар ҳар номинатсия 3 ҷой муайян карда шудааст, ки ғолибон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ бо диплом ва маблағи пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. Инчунин нафароне, ки дар озмун фаъолона иштирок намуда, дар ташкили он саҳм мегузоранд, бо Сипоснома қадрдонӣ мегарданд.

Дар озмун ширкатҳои сайёҳӣ, тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо, роҳбаладон, рӯзноманигорон, коршиносон, инчунин нафароне, ки ба талаботи низомномаи озмун ҷавобгӯ мебошанд, иштирок карда метавонанд.

Хоҳишмандон метавонанд барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳоро то 10 сентябр ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд.