Бонувони кишварамон баробари мардон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ дар рушду нумӯи Тоҷикистони маҳбубамон саҳмгузоранд. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан – модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард.
Нуқра Набиева дар баробари дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудоифаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолияти пурсамар доштанаш, ҳамзамон бо тиннату хислати занона имрӯз ба эҳё ва офардидани ҳунраҳои дастии мардумӣ машғул мебошад.
Ӯ мегӯяд ҳунари омӯхтааш ба ӯ шӯҳрат ва ҳамчунин шароити иқтисодии оилаашро беҳтар сохтааст. Аз ин рӯ, аз тамоми занони хонанишин даъват ба амал меоварад, ки ҳунар омӯзанд ва мавқеи худро дар ҷомеа устувор нигоҳ доранд.
Ин зани ҳунарманд ҳар як ҳунари омӯхтаи хешро ба духтараш меомӯзонад то соҳибҳунару миёни ҷомеа соҳибэҳтиром бошад.
Имрӯзҳо, ки фасли сармо ҳукмрон аст, дар ин айём бештар ба ин ҳунар машғуланд ва барои фармоишгарон ҳама намуди ҷӯробҳои зимистона омода месозанд.
Ҳунарманд дар баробари ҳунари ҷуроббофӣ боз ба мӯҳрабофӣ машғул аст, ки офаридаҳояшро ҷавондухтарон барои дар рӯзҳои ҷанш, ба хусус ҷашни Наврӯз фармоиш медиҳанд ва ҳамзамон офаридаҳои нотакрораш дар иду ҷашнҳо ба намоиш гузошта мешаванд.