Дар Душанбе вобаста ба омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат дар Тоҷикистон ҳамоиш доир мешавад

15 август дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо дар мавзуи «Омӯзиши эҳтиёҷоти бозори меҳнат ва омода намудани мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ вобаста ба эҳтиёҷот ва талаботи корфармоён» ҳамоиш баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар доданд.

Тибқи иттилои масъулини  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамоиш самту ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии кумита омода карда мешаванд, масъалаҳои талаботу эҳтиёҷоти вазорату идораҳо ва корфармоён ба мутахассисони дорои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ муаррифӣ мешаванд.

Дар  ҳамоиш намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, ки дар Тоҷикистон фаъолият доранд ва корхонаву ширкатҳои хусусии ватанӣ иштирок менамоянд.