Имрӯзҳо дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳри Душанбе баҳри тарғиб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ вобаста ба пухтани таомҳои миллии азбайнрафта, дӯхтани даврию сӯзанӣ ва ташвиқи либоси миллӣ байни занон барномаҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ташкил карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин навбат дар маҳаллаи «Маърифат»-и ноҳияи Фирдавсӣ бо ҷалби занони ҳунарманд ва кадбонуҳои соҳибзавқ баҳри эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат ва ҳунари дастархонороӣ маҳфил доир гардид.
Мақсад аз баргузории чунин барномаҳо арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни қадимии ниёгон, ҳифз ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва бедор намудани ҳисси миллӣ дар замири ҳар сокини маҳалла мебошад.
Чунин барномаҳо барои омода намудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона заминаи мусоид мегузоранд. Намунаи ҳунарҳои мардумӣ ва омӯзиши онҳо аз ҷониби ҷавонон аз мақсадҳои асосии ҳамоиш мебошад.
Зимни маҳфил намунаи либосҳои минтақаҳои гуногуни мамлакат дар гӯшаҳои алоҳидаи макони баргузории чорабинӣ манзур карда шуд.
Ҳунармандӣ, аз ҷумла танӯрсозӣ дар ин маҳалла рушд намудааст, ки намунаҳои беҳтарини он ба намоиш гузошта шуд. Ҳамчунин сокинони маҳалла заминҳои наздиҳавлигиро самаранок истифода ва аз ҳосили рӯёнидаашон барои зимистон хӯришҳо захира менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси нақшаву барномаҳои соҳавӣ бо ибтикори раёсату шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии чор ноҳияи пойтахт пайваста чорабиниҳои омӯзишӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ ташкил шуда, ба онҳо бештар ҷавондухтарону занон ҷалб мегарданд.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе