Ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон дар Тоҷикистон ба 57,1 миллион сомонӣ баробар гардид

Дар шашмоҳаи якуми имсол дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маснуоти саноатии ҳунармандон ба 57,1 миллион сомонӣ баробар шуд, ки ин нишони  рушд ёфтани соҳаи ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ аст. Ҳунармандон бештар ба истеҳсоли маснуоте, ки аз гузаштагонашон ба мерос мондааст, таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ иттилоъ дода шуд.

Тибқи маълумот  давоми шаш моҳи имсол 9291 нафар занону духтарони хонанишин  ва шаҳрвандони дигар  ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин давра таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон ва дар се давр Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» баргузор карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи якуми соли 2024 дар ин давра  дар маҷмуъ 46 536 шаҳрванд ба даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддати тайёрии касбӣ ва тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ҷалб гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 10,9 фоиз ё 4578 нафар зиёд мебошад.

Аз ин ҳисоб тавассути татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ 11 880 нафар, тавассути усули худмаблағгузорӣ 25 496 нафар ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, малакаи касбии 9160 нафар бо шаҳодатнома тасдиқ карда шуд.