ТАЪРИХИ ВАТАНРО МЕОМӮЗЕМ! Сарбозони Артиши миллӣ дар Душанбе ва Ҳисор саёҳат намуданд

Бо ташаббуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ сарбозони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дар шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор саёҳат намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Саёҳат аз шаҳри Душанбе оғоз гардида, ба он беш аз 70 нафар сарбозону афсарон ҷалб гардиданд.

Мақсад аз саёҳат- баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, шиносоии хизматчиёни ҳарбӣ бо мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва қадршиносии сарбозон дар сафи Артиши миллӣ мебошад.

Дар суҳбат бо сарбозон намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Вазорати мудофиаи мамлакат иброз доштанд, ки ин саёҳат дар ҳошияи ғамхории пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил гардид. Пешвои миллат аз насли ояндасози мамлакат ифтихор ва ба онҳо умеду боварӣ дошта, аз ҷумла иброз намуданд, ки «мо бо ҷавонони мамлакати худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».

Сарбозон иброз доштанд, ки барояшон мояи ифтихор аст, ки дар чунин Ватани орому осудаи дорои таъриху фарҳанги бой, табиати зебо ва мардуми тамаддунофар зиндагӣ доранд.

Иштирокчиён бо автобуси дуқабатае, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои саёҳати сарбозон омода шуда буд, ба тамошои шаҳри Ҳисор рафтанд.

Сарбозонро дар шаҳри Ҳисор роҳбарияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва ҳамчунин роҳбарияти мавзеи таърихиву сайёҳии «Қалъаи Ҳисор» самимона истиқбол гирифтанд.

Сарбозон бо «Қалъаи Ҳисор», ки яке аз ёдгориҳои таърихии миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, шинос шуданд. Роҳбаладони қалъа ба онҳо доир ба таърихи куҳани ин қалъа маълумот доданд.