Маҳсулоти Тоҷикистон дар шаҳри Остона намоиш дода шуд

10-11 август дар шаҳри Остона Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд.

Дар намоишгоҳи мазкур меваю сабзавоти тару тоза, асали табиӣ, чормағз ва меваҳои хушки Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд. Сокинон ва меҳмонони пойтахти Қазоқистон-шаҳри Остона имкон ёфтанд, ки бо намунаҳои таомҳои миллии тоҷикон, меваю сабзавот, туҳфаҳои хотиравӣ, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ – маснуоти чармӣ, сафолӣ, чӯб ва қолинҳои маҳсули кори дастӣ шинос шуда, аз онҳо харидорӣ намоянд.

Дар саҳни асосии намоишгоҳ бо иштироки ходимони санъати Тоҷикистон барномаи консертӣ пешниҳод карда шуд.