НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Бонкҳои Тоҷикистон ба муштариён беш аз 10 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод намуданд

Имсол бонкҳо ва ташкилоти қарзии Тоҷикистон ба маблағи 10,6 миллиард сомонӣ ба муштариён қарз пешниҳод намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 1,3 миллиард сомонӣ ё 14,5 фоиз зиёд мебошад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда ба соҳаҳои истеъмолот- 46,3 фоиз, кишоварзӣ ва савдои хориҷӣ мутаносибан- 14,3-фоизӣ, саноат- 11,9 фоиз, хизматрасонӣ- 7,1 фоиз, сохтмон- 3,5 фоиз ва дигар соҳаҳо- 2,6 фоиз рост меояд.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои дар ин давра додашуда 32,0 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 3,4 миллиард сомониро ташкил додааст. Инчунин имсол ба муштариён ба маблағи 7,9 миллиард сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки нисбат ба соли 2023 24,0 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-июни имсол бо пули миллӣ 23,1 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,9 фоизро ташкил медиҳад.

Маблағгузории қарзӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини рушди устувори иқтисодиёт, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ, устувор намудани иқтидори содиротӣ ва ташкили ҷойҳои нави кор ба шумор меравад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»