Дар доираи барномаи «Ҷорӣ ва идоракунии технологияи хизматрасонии аэронавигатсионӣ (ANS)» муҳандисони Раёсати таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ (РТРТП ва АБА)-и Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Тоҷикаэронавигатсия» дар Ҷопон аз даври омӯзишӣ гузашта, такмили ихтисос намуданд.
Ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ доданд, ки иштироккунандагони давраи омӯзишӣ бо фаъолияти Фурудгоҳи байналмилалии «Наҳа» шинос шуда, бо ҳайати роҳбарикунанда ва мутахассисони соҳа мулоқот намуданд. Фурудгоҳи «Наҳа» дар як шабонарӯз ба 400 ҳавопаймо хизмат мерасонад.
Инчунин иштирокдорони давраи омӯзишӣ дар ҷазираи Фукуока бо фаъолияти марказҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, фурудгоҳи он ва истифодаи низом ва таҷҳизоти таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ аз наздик шинос шуданд.
Ҳангоми мулоқот бо директори генералӣ ва мутахассисони соҳа дар ин фурудгоҳ иброз гардид, ки он дар як шабонарӯз ба 500-550 ҳавопаймо хизмат мерасонад, ки ин дар ҳар 2 дақиқа як ҳавопаймо мебошад.
Барномаи такмили ихтисос дар маркази байналмилалии Ҷопон анҷом ёфта, шунавандагони он аз Тоҷикистон, Мозамбик, Непал ва Ҷибути соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
АКС: КВД «Тоҷикаэронавигатсия»