Меҳмонони Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон Осорхонаи миллиро тамошо намуданд

Тавре қаблан иттилоъ додем, 1 август дар Душанбе таҳти унвони «Занон, захираҳои молиявӣ ва ҳимоя аз зӯроварӣ» Форуми занони Тоҷикистон ва Қазоқистон доир мегардад. Дар робита ба ин шоми дирӯз ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон бо мақсади иштирок дар ин форум ба шаҳри Душанбе омаданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Имрӯз меҳмонон зимни тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.

Ёдовар мешавем, ки форум бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ҳадафи аслии форум мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва усулҳои амалияи муваффақ, коркарди лоиҳаҳо ва иқдоми муштарак мебошад, ки ба баланд бардоштани мавқеи занони ҳарду давлат равона шудааст.