Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон беҳтарин шоҳкориҳои ниёгон, ки муаррификунандаи таъриху тамаддуни халқи тоҷик мебошанд, ҳифз ва нигоҳдорӣ шуда, ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Аз ҷумула дар толорҳои алоҳида намунаи осори марбут ба ҳунармандӣ дар сатҳи олӣ инъикос гардиданд, ки яке аз намунаи олии ин ҳунар, ҳунари кандакорӣ дар рӯи чӯб мебошад, ки ҳамарӯза меҳмонону сайёҳони пойтахти мамлакат аз онҳо дидан намуда, бо осори пурғановати миллати тоҷик шинос мегарданд.
Ин ҳунари қадима дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат низ рушд карда, имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат устоҳои моҳиру чирадаст нозукиҳои ин ҳунарро ба шогирдон меомӯзонанд. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори алоҳидаеро доир ба ҳунари кандакорӣ дар рӯи чӯб дар даврони соҳибистиқлолӣ метавон дид, ки дар он намунаҳои олии ин ҳунар ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин толор бештар арзёбӣ мегардад.
Намунаи ҳунари волои тоҷикон кандакорӣ, ки аз замонҳои пеш то инҷониб маъмул аст дар ороиши хонаву иморатҳо ва ҷойҳои дигари фароғатӣ истифода бурда мешавад. Кандакорӣ, асосан, мансуб ба чўбкорӣ буда, барои ороиш ва зебу зинат додани сутунҳо, дарвоза, дару тирезаи маҷмааҳо ва хонаҳои истиқоматӣ истифода мешавад.