Таърих гувоҳ аст, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни мо тӯли таърихи гарони ба сарбурдаи худ, ҳатто дар мушкилтарин даврони таърихӣ ҳам ҳамеша симои дурахшони маънавии худро нигоҳ доштааст. Кӯшишҳои истилогарону барбарон ҳам натавонистаанд ин симоро аз байн бубаранд ва ё, ҳатто, коста кунанд. Яке аз ин симоҳо, мероси бебаҳои ниёгон — ин либоси миллист, ки дар баробари забонамон моро то имрӯз зинда нигоҳ дошт ва миллатро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Чунин омадааст дар мақолаи Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар бораи либоси миллӣ ва арҷ гузоштан ба он. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад.
-Шинохти симои миллии худ, шинохти ҳувият ва маънавиёти худ, яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатдории Тоҷикистони навин, аз рӯзҳои нахустини расидан ба Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз будааст. Ва ин беҳуда нест. Ин ҷо чӣ асрор аст, ки миллати мо садсолаҳо дар зери ҷабру зулми аҷнабиён зиста, на танҳо симои хоси маънавияшро аз даст надодааст, балки онро пайваста такмил додаву комилтар намудааст.
Ин асрор дар он зоҳир мешавад, ки миллати мо зотан, табиатан миллати соҳибзавқу эҷодкор аст. Дар ин асос аст, ки садҳо сол дар тасарруфи аҷнабиён буда, забони худ, илму адабиёту фарҳанги безаволи худро бунёд гузоштааст. То ҷойе ин маънавиёт қавӣ буда, ки аҷнабиёнро дар ин сарзамин во доштааст, ки забони давлатии худро ногузир забони бумии ин халқи адабпарвар қабул намоянд. Дафтару девони давлатдориро низ ба забони форсӣ-тоҷикӣ ба роҳ монанд. Бубинед, чӣ миқдоре адибону амирони туркзабоне, ки дар ин сарзамин ҳукмронӣ кардаанд, то ҷойе тасхир аз ҷониби илму адабиёти мо гардида буданд, ки аксарашон ба забони форсӣ шеър ҳам мегуфтанду девонҳо ҳам навишта буданд. Яъне, агар силоҳи хунрези онҳо мамлакати моро мутеъ карда буд, илму адабу сухани волои адабии мо худи онҳоро мутеъ гардонид. Яъне, ҳамин маънавиёти қавии миллати мо асоси бунёди таърихӣ, пойдории он тӯли таърихи гарон дар дунё гардидааст.
Метавон чанде аз вежагиҳои хоси маънавиёти моро, ки миллати моро дар тӯли таърих соҳибтамаддуну асилзода муарруфӣ намудааст бо далелҳои баҳснопазир нишон дод. Масалан, ин ки аз қадимулайём дар байни халқи куҳанбунёди мо инсон аз рӯзи нахустини ба дунё омадан то лаҳзаи охирини тарки олам карданаш ва ҳатто дар замони то таваллудаш дар асоси талимоту қонуниятҳои хосаи асоси илмидошта таҳти назорату муносибат қарор мегирад. Дастурҳои хосаи миллие вуҷуд доштанд, ки аз ҷониби модарони соҳибфарҳанги мо риоя ва иҷро мешуданд. Як гигиенаи хосаву озодае аз нахустин лаҳзаҳои таваллуди тифл то парвариши минбаъдаи он муайян ва таъйин шуда буд, ки ҳатто имрӯз дар дастурҳои тибби замони мо риоя мегардад. Масалан, нахустин амалҳо ҳангоми таваллуд ва баъд аз таваллуди тифл маросими шустушӯи ӯ буда, ҳар амале чун маросим кӯчаке бо риояи ҳама тартиби таъйиншуда дар шакле мутантану фараҳбахш ба иҷро мерасид. Масалан, аввалин маросими либоспӯшон, аввалин маросими мӯйисаргирон, аввалин маросими гаҳворабандон, хатнаи тифл ва ғайра бо риояи ҳама нозукиҳои гигиенӣ, худ далели фарҳанги бузурги парвариши тифл-инсон дар ин сарзамин аст. Дар ин мавзуъ метавон хеле тӯлони сухан ронд ва ҳар яке аз ин амалҳоро шарҳу маънидод кард.
Ба ҳамин тариқ, дар фарҳанги миллии мо ягон амал, ягон зуҳуроте вуҷуд надорад, ки як мақсади наҷиб ва як ҳадафи шоистаи инсониро пайгирӣ накунад. Бубинед, тамоми суннату ойинҳои миллии мо, ҳатто кӯчактарини онҳо ҳадафи баланди инсонпарвариву некманишиву хайрхоҳиро дунболагиранд. Ин ойину суннатҳо бешуморанд, ки ҳоҷати якояк ном бурдани онҳо нест. Ба-дин тариқ инсон дар фарҳанги миллии мо тӯли ҳастии худ дар ҳама синну солу ҳама даврон ҳамеша бо таълимоти баланди тарбиявию инсонпарастона фаро гирифта мешавад. Аз таълими хурдтарин касбу кор ва санъату ҳунар ҳама зуҳуроти маънавии ҳастии миллати мо мақсаду ҳадафҳои баланди инсониву башарӣ доранд.
Ва инҳо ҳама дар маҷмӯъ симои миллии миллати мо, маънавиёти баланди онро таъйин кардаанд. Аз ҷумла, либоси миллии тоҷикӣ, ки низ дар ҷаҳон беназир аст. Беназир на фақат аз ҷиҳати зоҳирӣ, балки бенанзиру бемисл аз ҷиҳати маънавиву ҳадафнокӣ ва санъату ҳунар низ мебошад.
Имрӯзҳо мавзуи либоси миллӣ ва симои миллӣ бештар аз дигар мавзуъҳо мавриди гуфтугӯву баҳс қарор гирифтааст. Ва ин бесабаб нест. Зеро либоси миллии мо, ки баландтарин фарҳанги ҳадафноки миллиро таҷассум кардаасту дар дунё шабеҳ надорад, дар қатори бисёр дастовардҳои дигари миллии мо дар ин замони ҷаҳонишавӣ мавриди таҳдиду коҳиши бемавриду бемаъно қарор гирифтааст. Мехоҳам ин масъаларо андаке ба таври худ шарҳ бидиҳам.
Дар чанд соли охир аз ҷониби мардуми мо пӯшидани либосҳои миллати бегона ба расму одат даромад. Бештар озодии андешаву афкору эътимод дар зиндагии имрӯзаи мо боиси ба амал омадани ин зуҳурот гардид. Зоҳиран ин тариқи либоспӯшӣ гӯиё аз афзудани эътимод ба дини мубини ислом ба назар мерасад. Аммо дар асл чунин нест. Ин ки теъдоди на ками хонумҳои тоҷик либосҳои дарозу танги арабӣ мепӯшидагӣ шуданд, дар асл нишонаи бештар гардидани эътимоди эътиқоди онҳо ба дини ислом нест.
Садсолаҳост, ки зану марди ин мамлакат худро мусулмон мешумориданду либоси хоси миллии худро мепӯшиданд. Пӯшидани чунин либосҳо аслан ҳосили мӯдпарастии баъзе хонумон гардид, ки гирифтори он шуданд. Балки ин амал ба дину эътиқоду имон заррае пайванд надорад, зеро ин пероҳанҳои танги дароз, ки аксар, ба тақозои мӯд, ҳарчи тангтар гардидаву ба қомати занон мечаспанд ва узвҳои баданро барҷастатар нишон медиҳанд, баръакс ангезишҳое ба вуҷуд меоранд, ки ақлу ҳушҳоро ба самтҳое мебаранд, ки дур аз хоксориву шарму таҳаммулест, ки исломи асил тарғиб мекунад. Яъне, ин пероҳанҳо ба ҷуз аз ангезишҳои бемавриде, ки ба мардон метавонад бидиҳанд, ягон умумият ба таълимоти дини мубини ислом надоранд. Аммо гирифторӣ ва парастиши баъзе хонумҳои мо, ки дар асл ба ислом эътимоде надоранд, онҳоро ба муди замон даровард ва кор то ҷойе расидан гирифт, ки духтарону хонумҳои тоҷик ба ивази пероҳанҳои рангину зеботарани миллии худ, ҳама сиёҳпӯш шудан гирифтан. Ин либосҳо ду ҳадафро пешгирӣ доштанд, яке, ин ки бубин, ман мусалмонам, дигаре ҳамон мӯдпарастӣ ва ангезишҳое, ки ин либосҳои дарозу сиёҳи асроромез бо худ доранд.
Гумон мекунам, хеле дурусту саривақтист гирифтани пеши роҳи ин зуҳуроти номатлуб, ки зиён ба фарҳанги хуҷастаи мо, ба симои миллии зебову эътирофгардидаи миллии мо мерасонанд.
Акнун чанд сухан дар мавриди симои миллӣ ва либоси миллӣ.. Гумон мекунам чашми мо, ки ба либосҳои зебову беҳамтои миллиамон одат кардааст, бисёре аз хуҷастагиҳои онро шояд баъзеямон аз тангназарӣ намебинему мушоҳида намекунем, аммо ба чашми аҳли ҷаҳон, мардуми мамлакатҳои дурдасти хориҷӣ, ки бо як дидан мафтуну ошиқи либосҳои зебои миллии мо мешаванд, ки онҳо на танҳо бо як ранги сиёҳ ё сапед, балки бо ҳазорон ранг аз худ ҳунару зебоиро интишор медиҳанд. Бале, либосҳои миллии тоҷикӣ мисли таҷассуми баҳори нозанин, мисли дафтари аржанги Монӣ на танҳо ранги ба рангу дилпазиранд, балки хуҷастагии дигар ин аст, ки онҳо ҳар яке ҳосили ҳунару санъати волоянд, ки касе наметавнад инро инкор кунад. Онҳо ҳосили зеботарину шевотарин ҳунари хайётӣ, гулдӯзиву зардӯзиву сӯзаникориянд, ки дар ҷаҳон назир надоранд.
Аммо дар сифату қимати либосҳои миллии мо ин ҳам ҳанӯз кам аст, зеро рангҳо, нақшу нигор ва рамзҳои таҷассумшуда дар либосҳои миллии тоҷикӣ намои фарҳанги бузурги миллати моянд. Дар ҷаҳон кам миллатеро метавон ёфт, ки дар нақшу нигори либоси миллияш ин қадар рамзҳои маънидор таҷассум шудаву акси нақшу нигорҳои он асосҳои илмиву фалсафӣ ва кайҳонӣ дошта бошанд. Дар куртаи чакани тоҷикӣ, дар пероҳанҳои зардӯзӣ, дар гулдӯзиҳои анъанавии модарону духтарони мо, дар адрасу адраси мо акси сипеҳру кайҳон, осмону тирукамон метавон гуфт, илми нуҷум бо ҳама нақшҳои худ таҷассум ёфтааст. Инъикоси ин нақшҳои рамзӣ ва асроромез худ илмест ва мутахассисони мо бояд онҳоро маънидод кунанду асрорашонро ба мо кушода диҳанд. Вақти он расидааст, ки ин корро бояд зуд иҷро кард, зеро мутахассисони донишманди ин соҳа дар ҷаҳон кам мондаанд.
Ёдам ҳаст, ки дар як суҳбате устод Муъмин Қаноат чанде аз ин рамзҳоро, ки дар нақши сӯзаниҳо таҷассум шуда буданд, ба банда шарҳ доданд ва ман дар ҳайрат монда будам, ки ин қадар онҳо маънидоранд. Яъне, ки устоди донишманд яке аз донандагони хуби ин рамзҳо буданд.
Ба андешаи ман , олимони фарҳангшиноси мо ҳарчи зудтар бояд як китоб-албомеро бо инъикосу шарҳи ин нақшу нигор ва рамзҳо интишор диҳанд, то мардуми дунё фаҳманд, ки миллати соҳибтамаддун ва эҷодкори мо миллати одӣ нест. Яъне, агар дар ин ё он мамлакат фарзандони нобиғаи он намои илму адаби ҷаҳонӣ дар он кишвар бошанд, дар байни қавму миллатҳои дунё миллатҳое мисли тоҷикон ҳастанд, ки худ нобиғамиллати таҷассумгари фарҳанги бузурганд.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар»