СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст

Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои вобаста ба Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Дар ин хусус имрӯз ба намояндагони расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқ Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Гурӯҳи кории техникии Кумита дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносии Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО лоиҳаи Консепсияи «Харитаи роҳ» доир ба татбиқи қатъномаи мазкур таҳия карда шуд. Тибқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон гардидани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо», аз ҷониби Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO) ва ЮНЕСКО Кумитаи ҳидояткунандаи байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун аъзо, намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он шомил мебошад. Тамоми чорабиниҳои сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи ҷаласаи кумитаи мазкур баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул мегарданд.

Гуфта шуд, ки Кумита дар раванди баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланди Раванди оби Душанбе, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе вобаста ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид, тибқи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда Форуми пиряхҳо, cе чорабинии канорӣ, намоишгоҳ ва 13 вохӯрии раиси Кумита бо роҳбарони ҳайатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ доир гардида, масъалаҳои муҳими марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардиданд.