Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аъзои SOCEA гардид

Таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» аъзои SOCEA (Платформаи минтақавӣ оид ба ҳамоҳангсозии амнияти аэронаивгатсионӣ барои Аврупо ва Осиё) гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Корхонаи воҳидии давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» хабар медиҳад.

Созишномаро муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронаигатсия» Даврон Шодмонбекзода ва муовини директори генералии Саридораи фурудгоҳҳои давлатии Ҷумҳурии Туркия Ҷенгиз Пашаоғлу ба имзо расониданд.

SOCEA платформаи минтақавӣ оид ба ҳамоҳангсозии бехатарии аэронавигатсия барои Аврупо ва Осиё буда, моҳи августи соли 2023 таъсис ёфтааст. Айни ҳол панҷ давлат- Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркия ва Озарбойҷон аъзои он мебошанд. Ҳадафи асосии SOCEA таъмини амнияти аэронавигатсия ва афзоиши ҳаҷми ҳаракати ҳавоӣ дар минтақа мебошад.

Намояндагони давлатҳои аъзои SOCEA масъалаҳои маъмурии фаъолият ва сохтории онро баррасӣ карданд. Бо мақсади шомил шудан ба SOCEA як қатор таъминкунандагони хизматрасонии аэронавигатсионӣ, аз ҷумла Аврупо маълумот пешниҳод намуданд.

Ҳамзамон намояндагони давлатҳои аъзои SOCEA аз манораи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва Маркази идораи оперативии фурудгоҳи Истамбул дидан намуданд. Бояд гуфт, ки масоҳати умумии фазои ҳавоӣ тақрибан 2 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад.