Дар доираи сафари раиси департаменти аморати Рас-ал-Хаймаи Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба савдо ва саноат Муҳаммад Ал-Мусаббеҳ Ал-Наимӣ ба Тоҷикистон бо Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Санадро Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир ва раиси департаменти аморати Рас-ал-Хаймаи Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба савдо ва саноат Муҳаммад Ал-Мусаббеҳ Ал-Наимӣ имзо намуданд.
Дар доираи Ёддошти тафоҳум, раванди таҳияи барномаҳои зеҳни сунъии аморати Рас-ал-Хайма дар асоси «Стратегияи миллии рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид.
Қарор аст, ки содироти барномаҳои таъминоти тоҷикӣ дар асоси зеҳни сунъӣ ба Аморати Рас-ал-Хайма афзоиш дода шуда, инчунин такмили ихтисоси мутахассисони маҳаллии аморати Рас-ал-Хайма дар соҳаи зеҳни сунъӣ баланд бардошта шавад.
Тоҷикистон аввалин давлат дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Стратегияи миллии зеҳни сунъиро қабул намуд.
Ёддошти тафоҳум бо ташаббуси ҷониби аморати Рас- ал-Хайма, дар натиҷаи сармоягузории сохторҳои аморати Рас-ал-Хайма ба ҳалли хизматрасониҳои молиявӣ ва сервис дар асоси зеҳни сунъӣ аз Тоҷикистон ба имзо расид.
Ёддошти тафоҳум ҳамчунин пешбурди сармоягузории мустақим аз Рас-ал-Хайма ба бахши саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла истихроҷи маъдан, истеҳсолот ва логистикаи нақлиётиро пешбинӣ менамояд. Ҳадафи ин ҳамкорӣ мусоидат ба содироти ҷаҳонии молу маҳсулот аз Тоҷикистон тавассути бандари Рас-ал-Хайма мебошад.
Рас ал-Хайма яке аз ҳафт аморати Аморати Муттаҳидаи Араб буда, дорои иқтисоди босуръат рушдёбанда бо афзоиши босуръати сайёҳӣ, истихроҷи маъдан ва саноату истеҳсолот мебошад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон