Масъалаи бунёди роҳи оҳани Спитамен-Истаравшан ва Спитамен-Истиқлол ба масофаи умумии 171 километр дар вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва гурӯҳи мутахассисони чинӣ бо роҳбарии президенти Институти илмиву муҳандисӣ ва таҳқиқотии шаҳри Пекин Чэн Хэ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Таъкид гардид, ки бунёди роҳи оҳан дар ин хатсайрҳо, барои иқтисодиёти Тоҷикистон муҳим мебошад.
Дар мулоқот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки нахуст мутахассисону муҳандисон ва лоиҳакашон корҳои омӯзиширо гузаронида, сипас аз рӯи натиҷаҳои омӯзишу таҳлил барои бунёди роҳи оҳан тасмим гирифта мешавад.
Таъкид шуд, ки бо сиёсати пешгирифтаи сарони ду давлат — Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, нақлиёт, энергетика, илму маориф тавсеа ёфта истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки соҳаи нақлиёту коммуникатсия яке аз самтҳои авлавиятнок дар ҳамкории ду ҷумҳурӣ арзёбӣ шуда, дар солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистону Чин дар ин самт як қатор лоиҳаҳои муҳимро амалӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд