Бахшида ба 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоишу маҳфилҳои илмӣ-адабӣ доир мешаванд

Тавре қаблан иттилоъ додем, моҳи августи соли 2024 дар Тоҷикистон дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, 100-солагии адабиётшиноси маъруфи тоҷик, мунаққид, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Соҳиб Табаров ҷашн гирифта мешавад.

Бахшида ба 100-солагии адабиётшиноси маъруф дар мамлакат баргузории ҳамоишу конференсия ва барномаҳои маърифативу фарҳангӣ дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Соҳиб Табаров соли 1924 дар деҳаи Чорраҳаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Номбурда узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, муаллифи беш аз 800 асару таълифоти илмӣ мебошад.

Мавсуф соли 1949 дар мавзуи ««Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Офаридаҳои нахустини Соҳиб Табаров диққати устод Айниро ҷалб намуда, сазовори баҳои муносиб гардида, барояш ҷодаи муҳаққиқиро ҳамвор сохтанд.

Соҳиб Табаров дар таҳқиқи осори Николай Островский, Михаил Салтиков- Шедрин, Пайрав Сулаймонӣ, Алӣ Хуш, Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҷалил, Муъмин Қаноат, Гулрухсор ва дигарон саҳми босазо гузоштааст.

Рисолаву феҳристи муфассалу бодалели адабиётшиносӣ ва дастуру воситаҳои таълимии «Хрестоматияи адабиёти тоҷик барои синфи 9» (1951-1954), «Пайрав Сулаймонӣ» (1962, 2012), «Мирсаид Миршакар» (1962), маҷмуаи панҷҷилдаи мақолаҳои «Ҳаёт, адабиёт ва реализм» (1966-1989), «Симои ҷовидонии пешво дар адабиёти тоҷик» (1970), «Дастури таълим оид ба назарияи танқиди адабӣ» (қ. 1-1980; қ. 2-1983), «Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти адабиётшиносӣ» (1980, 1988), «Методи таҳлили осори бадеӣ» (1992), «Мунозира»-и Абдуррауфи Фитрат» (1997), «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ» (1999), «Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат» (ҷ. 1-2008, ҷ. 2-2009) ва дигар мақолаи илмӣ, илмии оммавӣ, публитсистӣ ва эссеҳои хонданӣ самараи заҳмати пурсамари беш аз 60-солаи Соҳиб Табаров мебошанд.

Ҳамзамон мунаққид дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок намуда, узви чандин шурову созмонҳои ҷамъиятию илмиву адабӣ будааст.

Соҳиб Табаров барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон буда, бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Шараф», се ордени «Нишони фахрӣ» ва медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Соҳиб Табаров аз соли 1947 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.Мавсуф 12 апрели соли 2015 дар синни 92-солагӣ аз олам чашм пӯшидааст.