Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии Тоҷикистон ба 61,7 миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,2 фоиз баробар гардид

Дар шаш моҳи аввали соли равон Маҷмуи Маҳсулоти Дохилии ҷумҳурӣ ба 61,7  миллиард сомонӣ расида, рушди воқеии он ба 8,2 фоиз баробар гардид. Ин матлабро 11 июл раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни ҷаласаи ҷамъбастӣ баён намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа гуфта шуд, ки  новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ва идомаи номуайяниҳои молиявӣ, дар давраи баррасишаванда пешравиҳои назаррас дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба қайд гирифта шуда, рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ дар сатҳи зарурӣ таъмин гардид.

Дар нимсолаи аввали соли равон сатҳи таваррум 1,9 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,4 банди фоизӣ кам мебошад.  Меъёри бозтамвил бо назардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва беҳтар шудани интизориҳои таваррумии аҳолӣ таҷдиди назар гардида, то ба 9,25 фоизи солона паст карда шуд.

Таъкид шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва таъмини устувории низоми бонкӣ дар ҳамкорӣ бо дигар ниҳодҳои дахлдори мамлакат тамоми чораҳои заруриро андешида, раванди ислоҳоти соҳаи бонкдориро бо мақсади баланд бардоштани рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ идома дода истодааст.

Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор дар самти рушди низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, раванди иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» тамоми нуқтаҳои қабули пардохтҳои хизматрасониҳои муздноки ҷумҳурӣ таҳти назорат қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор андешида мешаванд.

Дар ҷаласа роҳбарони як қатор воҳидҳои сохтории Бонки миллӣ бо пешниҳоди рӯнамоҳо оид ба вазъи низоми бонкӣ дар нимсолаи якуми соли 2024, таъмини суботи молиявӣ, татбиқи сиёсати асъорӣ, фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти мониторинги молиявӣ, татбиқи сиёсати самараноки низоми пардохт, вазъи низомҳои иттилоотӣ ва баҳогузории хизматрасониҳои низоми бонкӣ сухан намуданд.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати фаъолияти устувори низоми бонкӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ ташкилотҳои қарзии молиявиро зарур аст, ки иҷрои саривақтии «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026», «Стратегияи рушди фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ барои солҳои 2022-2026», иҷрои вазифаҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳодгардида, иҷрои Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ»-ро таъмин намоянд.