Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода дар ҷаласаи 30-юми Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба содагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ (UN/CEFACT) дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод хабар доданд.
Аҳлиддин Нуриддинзода дар бахши муколамаи сатҳи баланди сиёсӣ дар мавзуи «Нақши пайвастшавии усулҳои ҳушманди марбут ба иқлим ва савдои рақамӣ, инчунин долонҳои нақлиётӣ ҷиҳати мусоидат ба ҳамгироии минтақавию ҷаҳонӣ ва рушди устувор» баромад намуда, зарурати такмили фаъолияти ҷории Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (SPECA)-ро таъкид дошт.
Иброз гардид, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Тоҷикистон як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.
Ҳамзамон дар чорабинӣ муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо ҳамчун Раиси Гурӯҳи кории SPECA оид ба савдо дар робита корҳои муштараки амалигардидаи минтақавӣ вобаста ба содагардонии расмиёти савдо маълумот манзур намуда, ҷиҳати тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ҳамоҳангсозии онҳоро бо меъёрҳои Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Аврупо (UNECE) мувофиқи мақсад шуморид.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон