«Нурворизм» ва «Танворизм» -«Ду равияи як рассом». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассом Зокир Собиров ифтитоҳ гардид

«Ду равияи як рассом» таҳти чунин унвон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши мусаввараҳои рассоми шинохтаву навовари тоҷик, муаллифи ду равияи эҷодии рассомӣ, барандаи ҷоизаҳои рассомии байналмилалӣ, академик Зокир Собиров ифтитоҳ гардид. Намоиши мазкур то 20 июли соли равон идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллӣ иттилоъ медиҳад.

Қабл аз ифтитоҳи расмии намоиш, ҳамоиши донишмандону санъатшиносон оид ба эҷодиёти рассом Зокир Собиров баргузор гардида, вобаста ба ин мавзуъ андешаҳои мутахассисон шунида шуданд.

Дар намоиш намунаҳои барҷастаи эҷодиёти рассом дар самти табиатнигорӣ, ороишоти саҳнавӣ, меъморӣ, чеҳраофарӣ ва дигар усулҳои рассомӣ дар қолаби ду равияи эҷоднамудаи рассом – «Нурворизм» ва «Танворизм» ба маърази тамошо гузошта шуд.

Зокир Собиров муаллифи ду равияи эҷодии рассомӣ дар таърихи наққошии ҷаҳон мебошад, ки ин равияҳоро бо номҳои миллии тоҷикӣ – «Нурворизм» ва «Танворизм» ба ҷомеаи байналмилалӣ пешниҳод ва муаррифӣ намудааст. Равияҳои ӯ дар фарҳанги наққошии миллию ҷаҳонӣ падидаи ҷадид маҳсуб шуда, бо вижагиҳои эҷодӣ ва унсурҳои табиияшон ҳамчун сарвати миллии тоҷикӣ эътироф мешаванд.

Осори академик Зокир Собиров дар намоишгоҳҳои байналмилалию ҷаҳонӣ бо номи миллии тоҷикӣ муаррифӣ ва рӯнамоӣ шуда, маҳз навоварии эҷодӣ ва вижагии хоси ин асарҳо будааст, ки дар чандин намоишгоҳҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаву шоҳҷоизаҳо гардидаанд. Аз ҷумла, чор медали тилло дар солҳои 2015, 2019, 2020, 2021 дар Ню-Йорки Амрико, шоҳҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» дар Амрико ва ҷоизаи «Беҳтарин рассом» дар соли 2018 дар Украина аз зумраи онҳо мебошанд.