Дар Риёз ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид

9 июл дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ доктор Муҳаммад ибни Абдулазиз Ал-Ҷарбо баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла натиҷаҳои сафари ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки охири моҳи июни соли равон ҳайати парлумонии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт. Дар доираи сафар ҳайати шоҳигарӣ бо як зумра роҳбарони сохторҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоту суҳбатҳо анҷом дода, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуд.