Дар 30 сол дар Тоҷикистон 24 ҳазор иншооти инфрасохторӣ сохта ба истифода дода шуд

Дар 30 соли соҳибистиқлолӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 24 ҳазор иншооти инфрасохторӣ сохта ба истифода дода шуд, ки дар рушди мамлакат нақши намоён гузошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷиҳати шоиста пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои боло бурдани мавқеи сиёсии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон тибқи стратегияҳои пешбинигардидаи давлату ҳукумат як қатор лоиҳаҳо тартиб дода шуда, барои амалишавии онҳо тадбирҳои муассир андешида мешаванд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин замина «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия гардидааст, ки мақсади он амалишавии ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳити мусоид барои зиндагӣ, рушди инфрасохтори иҷтимоӣ, муҳандисӣ, нақлиётӣ ва истеҳсолӣ, ҳифз ва истифодаи оқилонаи мероси таърихию фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва мақсадҳои дарозмуддати соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Стратегияи мазкур сиёсати давлатиро дар соҳаи шаҳрсозӣ, меъморӣ, сохтмон ва ободонии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, имрӯз лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ниҳодҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмон пешниҳод мегардад, ба талаботи мустаҳкамии бино ҷавобгӯ ҳастанд ва барои натиҷаи заруриро ба даст овардан аз назорати қатъии Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмонӣ гузашта, аз ҷониби Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ, барои оғоз намудани сохтмони иншооти пешбинигардида иҷозат дода мешаванд.