Дар шаҳри Панҷакент нахустин Маркази сӯзанидӯзӣ ба фаъолият шуруъ намуд. Маркази мазкур дар маҳаллаи Сои Зебони шаҳр, дар биное, ки солҳо боз истифода намешуд, аз ҷониби ҳунарманд ва соҳибкор Бибинисо Раҳмонова таъсис дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад, дар рӯзи ифтитоҳи Маркази сӯзанидӯзӣ ҳунармандони шаҳр ва манотиқи дигари мамлакат, аз ҷумла Бадахшон намунаҳои ҳунари қадимаи сӯзанидӯзӣ ва дигар ҳунарҳои мардумиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Намуна ва усулҳои гуногуни ҳунари сӯзанидӯзии дастӣ дар шаҳри Панҷакент таърихи тӯлонӣ дорад ва имрӯз низ садҳо нафар бону ба он машғул ҳастанд. Дар марказ барои ба омӯзиши ҳунари сӯзанидӯзӣ фаро гирифтани духтарон ҳама шароит муҳайё карда шудааст.
Зимни ифтитоҳи марказ Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба ин иқдом баҳои баланд дода, бо бонувони ҳунарманд ва намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ аз шаҳр ва дигар манотиқи ҷумҳурӣ, ки инҷо бо дастгирии лоиҳаи Маркази ҳунармандии «Деҳаи Гулзар» ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд, суҳбат намуд. Дар инҷо ба ҳунармандон шаҳодатномаи машғулияти омӯзиши ҳунармандӣ супорида шуд.
Гуфта шуд, ки тибқи нақша дар шаҳр ташкили ду маркази кулолгарӣ пешбинӣ шуда, ҳоло корҳои омодагӣ барои ифтитоҳи намоишгоҳи намунаи ҳунарҳои халқӣ дар маркази шаҳр идома дорад.
Инҷо ҳунармандон метавонанд намунаи ҳунари худро барои сокинон, меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ, ки аз ин шаҳри бостонӣ зиёд дидан менамоянд, ба фурӯш гузоранд. Ин намоишгоҳ ҳамарӯза то анҷоми мавсими сайёҳӣ амал мекунад. Ҳамчунин боздид аз ин марказҳо ва намоишгоҳ ба хатсайри ширкатҳои сайёҳии шаҳр, ки шумораашон ба 26 адад расидааст, ворид карда шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент