Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даврии ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» оғоз шуд

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе даврии ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» оғоз гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ин чорабинӣ.

Дар «Боғи Ирам», ки макони баргузории ин даври озмун муқаррар шудааст, намояндагон аз тамоми минтақаҳои мамлакат иштирок намуда, гӯшаи ҳунармандони ҳар шаҳру ноҳия дар алоҳидагӣ ташкил гардидааст.

Дар ин гӯшаҳои ташкилгардида ҳунармандони мардумӣ ҳунари кандакорӣ, чӯбтарошӣ, сабадбофӣ, гаҷкорӣ, кундалнигорӣ, оинабандӣ, заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, ороиш аз санг, кулолгарӣ, читгарӣ, зардӯзӣ, попурӣ, намадбофӣ, қолинбофиро муаррифӣ менамоянд.

Кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамон баъди азназаргузаронии маҳсули дасти ҳунармандон дар тамоми гӯшаҳои ташкилшуда, беҳтаринҳоро муайян ва қадрдонӣ менамоянд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид, озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати тарғиб ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия, шаҳр ва вилоятҳо гузаронида мешавад.

Ҳадафи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунар омӯз…» дарёфти истеъдодҳои нав ва ҷалби ҷавонон ба ин соҳа, инчунин рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии мутахассисони соҳа, тақвият бахшидан ба касбияти онҳо, ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди мероси пурғановати ниёгон мебошад.