Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон дар асоси «Харитаи роҳ» ҳамкориро вусъат мебахшанд

Дар доираи сафари Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 июли соли 2024 «Харитаи роҳ» байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расонида шуд.

Тавре дар Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Харитаи роҳ бо мақсади вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон дар доираи «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ» (17.09.2021 шаҳри Душанбе) ба имзо расонида шуд.

Санади мазкур аз 12 банд иборат буда, барои ташкил ва гузаронидани вохӯриҳои мунтазам байни мақомоти сайёҳӣ, туроператорҳои миллӣ ва агентиҳои сайёҳии ҷонибҳо мусоидат менамояд.

Ҳамзамон санад ҷиҳати манзур намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби мутақобилаи сармоягузорони Покистону Тоҷикистон бо мақсади рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва таҳияи хатсайрҳо ва самтҳои муштараки сайёҳӣ дар масири Роҳи бузурги абрешим ва таблиғи минбаъдаи онҳо тавассути кумак дар ташкили конфронсҳои байналмилалӣ, форум, машварат ва намоишгоҳо мусоидат хоҳад кард.