Ҳайати Кумитаи дӯстии байнипарлумонии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ таҳти роҳбарии раиси кумита Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таъриху тамаддуни қадимаи халқи тоҷик аз наздик шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва омода кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Меҳмонон ҳангоми тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд. Таваҷҷуҳи меҳмононро бештар бозёфтҳои таърихии Саразми бостон, сӯзаниҳои тоҷикӣ, дастхатҳои нодир, меҳроби чӯбии Искодар, сангнавиштаҳои қадимӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба худ ҷалб намуд.
Муҳаммад ибни Абдулазиз ал-Ҷарбо аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроти худро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ сабт кард.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон