25 — 27 июн дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия дар доираи «Барномаи ҳамкории минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (CAREC)» Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори сайёҳии минтақаи CAREC баргузор шуд, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Дар ҷаласа дар қатори 10 давлатии дигар ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд.
Иштирокдорон дар кори ҷаласа оид ба имкониятҳои сармоягузории самти сайёҳӣ дар кишварҳои аъзои CAREC рӯнамо пешниҳод намуда, роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва монеаҳоро дар самти рушди сайёҳӣ баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби иштирокдорон вобаста ба истифодабарии маркетинги мавзуӣ ва брендинг тавассути роҳи бостонии абрешим ва истифодаи стратегии брендҳои минтақавӣ дар атрофи таърихи бой ва мероси фарҳангии минтақа барои бахши сайёҳӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои имкониятҳои фаррох дар самти сайёҳӣ, таърих ва фарҳанги қадима тайи солҳои охир ҷиҳати брендикунонии соҳаи сайёҳӣ бо истифода аз унсурҳои фарҳангӣ ва таърихӣ чораҳои амалӣ андешида истодааст.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон