Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ҷашн гирифта шуд

Дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба таҷлили 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур хабар доданд, пеш аз оғози чорабинӣ, меҳмонон бо ҳайати расмӣ аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ, дастовардҳои соҳаи маорифу фарҳанг, кишоварзӣ ва соҳаи варзиш, ки ба марази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуданд.

Дар чорабинӣ доир ба нақши муассири Абармарди арсаи сиёсат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва бунёди давлатдории навини тоҷик ибрози андеша карда шуда, таъкид гардид, ки ҳар як сокинро мебояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намуда, аз қадру манзалат ва номи бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намояд.

Инчунин дар рафти чорабинӣ баҳри фаъолияти меҳнатӣ ва саҳми назаррас дар рушду пешрафти ноҳия як қатор фаъолон бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.

Дар анҷом бо мақсади шукуҳу шаҳомат бахшидани тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳунармандон бо суруду таронаҳо, ки саршор аз Ватану ватандорӣ иборат буд, хотири аҳли нишастро шод гардониданд.