Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамаро аз шаҳри Душанбе ба пойтахти Покистон — шаҳри Исломобод оғоз менамояд. Ифтитоҳи хатсайри Душанбе — Исломобод — Душанбе ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат такони нав бахшида, бобати таҳким ва тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои фарҳанг, иқтисод, тиҷорат ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Сомон Эйр».
Парвози нахустин 27 июни соли 2024 анҷом дода шуда, минбаъд парвозҳо ҳар ҳафта, рӯзҳои панҷшанбе анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз аз Душанбе 10:30, аз Исломобод — 13:30 ба вақти маҳаллӣ мебошад. Давомнокии парвоз 2 соатро ташкил дода, парвозҳои мустақим тавассути ҳавопаймоҳои Боинг 737-800 ва Боинг 737-900 иҷро мегарданд.
Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Беназир Бҳутто аз рӯи бузургиву имконот сеюмин фурудгоҳи Покистон маҳсуб шуда, аз фурудгоҳи Исломобод парвозҳои мустақим ба Амстердам, Бангкок, Барселона, Бирмингем, Копенгаген, Лондон, Манчестер, Милан, Осло, Париж, Пекин, Рум, Истанбул, Токио, Торонто, Абу-Дабӣ, Баҳрайн, Ҷидда, Доҳа, Дубай, Кобул, Кувайт, Маскат, Трабзон, Урумчӣ, Шарҷа, Риёз ва дигар шаҳрҳо амалӣ мешаванд.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар бозори байналмилалии интиқолоти ҳавоӣ аз соли 2008 муваффақона фаъолият дошта, узви Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Парки ширкат аз ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва Boeing 737-900 иборат аст.
Тавсеаи шабакаи парвозҳо ва парки ҳавопаймоӣ аз афзалиятҳои асосии ширкат мебошанд ва дар айни замон «Сомон Эйр» парвозҳои мунтазамро аз Тоҷикистон ба Олмон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Арабистони Саудӣ, Эрон, Ҳиндустон, Федератсияи Русия, Қазоқистон, Гурҷистон ва Узбекистон анҷом медиҳад.
АКС: АМИТ «Ховар