Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои пешрафтаи сайёҳӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, ҳамоишу конфронсҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ мунтазам чораҳои зарурӣ андешида истодааст.
Бо иқдоми Кумита дар ҳамкорӣ бо меҳмонхонаи “Ҳилтон” дар шаҳри Душанбе ҳамоиш бо иштироки муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Амирбекзода Ҳабибулло, директори меҳмонхонаи “Ҳилтон” Гаган Малхотра, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Давлати Кувайт баргузор гардид.
Роҳбарияти Кумита оид ба имтиёзҳои роҳандозигардида аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар самти соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла раводид, имтиёзҳо барои сармоягузорон маълумот дода, қайд кард, ки соҳаи сайёҳӣ ҳамеша зери таваҷҷӯҳи бевоситаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаҳо вобаста ба ҷалби сармоя барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии лоиҳаҳои мақсаднок мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, тариқи рӯнамо ва имкониятҳои сайёҳии кишвар ба меҳмонони кувайтӣ муаррифӣ гардид. Дар ҳошияи чорабинӣ ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва ширкатҳои сайёҳии Кувайт силсилаи созишномаҳоро бо мақсади тақвияти бештари ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар ба имзо расониданд.
Ёдрас мешавем, ки бо мақсади муаррифии зарфиятҳои сайёҳии кишвар аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ пайваста барои намояндагони воситаҳои ахбори омма вафаъолони шабакаҳои иҷтимоии кишварҳои хориҷӣ пресс турҳо ва инфо турҳо ташкил карда мешавад. Инфо тури навбатӣ аз мавзеъҳои назаррабои Ватани маҳбубамон чанде пеш барои фаъолони шабакаҳои иҷтимоии Давлати Кувайт, ки зимни ифтитоҳи хатсайри нахустин дар масири Ал Кувайт – Душанбе – Ал Кувайт ба кишвари мо ташриф оварданд, гузаронида шуд. Омӯзиш ва тарғиби зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаҳои расонаҳои Кувайт аз ҳадафҳои асосии сафари ҳайати мазкур буд. Намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ барномаҳо ва хатсайрҳои ҷолиби худро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои бештар муаррифӣ намуданд.
Қобили қайд аст, ки 29 декабри соли 2022 дар масири Ал Кувайт – Душанбе – Ал Кувайт нахустин парвоз анҷом дода шуд. Ифтитоҳи парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт рӯйдоди муҳим буда, барои ҷалби бештари сайёҳони ин минтақа ба кишвари мо хидмат хоҳад кард. Хатсайри нави ҳавоӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳукумати Давлати Кувайт ба роҳ монда шуд. Маврид ба ёдоварист, ки соли 2019 байни Тоҷикистону Кувайт Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расида, ҳамкориҳои судманд дар ин самт бомаром идома доранд.
Тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ ба сайёҳон аз манотиқи гуногуни олам интихоби васеъ барои сафар намудан ба Тоҷикистон пайдо мешавад.