Таҷриба ва имконияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар раванди татбиқи ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» метавонад васеъ истифода гардад. Дар ин хусус зимни вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо ширкатҳои аъзои Шурои тиҷоратии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар вохӯрӣ имконияти сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаҳои сайёҳӣ, энергетика, бонкдорӣ, технологияҳои муосири рақамӣ ва инноватсия баррасӣ ва муҳим арзёбӣ гардиданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оид ба ҷалби сармоягузориҳо ва технологияҳои дар самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт истифодашавандаи ҷониби америкоӣ ҳавасмандӣ изҳор намуда, ҳамзамон ҷиҳати фаъолгардонии ҳамкории бахши хусусии ду давлат, хусусан дар ташкили корхонаҳои муштаракро таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон шароити мусоиди рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ муҳайё буда, ҷиҳати соддагардонии равандҳои иқтисодӣ тадбирҳои мунтазам роҳандозӣ шуда истодаанд ва қонунгузории мамлакат барои сармоягузорони хориҷӣ ва ватанӣ ҳуқуқҳои баробар пешбинӣ намудааст.
Дар анҷоми вохӯрии мазкур барои боз ҳам тақвият бахшидани ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муштараки мутақобилан судманд ва дар доираи тартиби муқаррагардида ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок бо ҷониби амрикоӣ омодагӣ баён карда шуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон