Беш аз 50 нафар афсару сарбози яке аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ ба тамошои Осорхонаи миллии Тоҷикистон омада, дар ин ҷо нахуст бо гӯшаи доимоамалкунанда бахшида ба Ваҳдати миллӣ шинос шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Бояд гуфт, ки Осорхонаи миллӣ ҳамчун осорхонаи марказӣ як сабақгоҳ ва ганҷинаи мероси таърихию фарҳангӣ аст. Дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дар радифи дигар мавзуъҳо, гӯшаи доимоамалкунанда бахшида ба Ваҳдати миллӣ ороста шудааст. Дар он нигораҳо ва аксҳои гуногуни инъикоскунандаи давраҳои музокирот ва расидан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба намоиш гузошта шудаанд. Хусусан, аксҳои гуногун аз рафти музокирот дар мамлакатҳои Русия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардида, пешниҳод шудаанд.
Барои ҳайати афсарону сарбозон сайрҳои осорхонавӣ ташкил гардида, онҳо дар толорҳои намоишӣ бо ёдгориҳои нодири таърихии ниёгон аз наздик шинос гардиданд.
Ташкили сайри осорхонавӣ дар Осорхонаи миллӣ ба ҳайати афсарону сарбозон имкон медиҳад, ки то дар замирашон ҳисси баланди миллӣ, ифтихор ва эҳтирому арҷгузорӣ ба осори таърихию фарҳангии ниёгон ташаккул ёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон