Дар филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Кӯлоб низоми нави АПР DF 2000 ҷорӣ карда мешавад

Дар филиали Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Кӯлоб корҳо барои ҷорӣ намудани  низоми нав — АПР DF 2000 барои муайян намудани самти дақиқи ҳавопаймо дар фазо оғоз гардиданд. Тибқи нақша,  низоми мазкур  то охири моҳи июли соли равон  мавриди истифода қарор мегирад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» хабар доданд. 

Ҷорӣ намудани низоми нав АПР DF 2000 ҷиҳати таъмини бехатарии парвоз, аниқтараш ба таври амиқу дақиқ пешниҳод намудани маълумот дар бораи хавопаймоҳо мусоидат менамояд. Ҳамчунин низоми мазкур барои боз ҳам бехатар гардонидани хизматрасонии парвозҳо шароити мусоид фароҳам меорад.

Бояд тазаккур дод, ки роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии­ «Тоҷикаэронавигатсия»  дар радифи филиалҳои корхона,  барои густариши фаъолияти босамар, таъмини мутахассисон, харидорӣ ва насби техникаҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯз ва ободонии гирду атрофи бинои  корхона, фароҳам овардани шароити мусоид барои кормандон тадбирҳои зарурӣ меандешад.