Ҳайати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии байниҳизбии аъзои давлатҳои БРИКС иштирок намуд

16-19 июни соли равон дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Русия Форуми байналмилалии байниҳизбии аъзои давлатҳои БРИКС (Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ) доир гардид, ки дар он муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласаи пленарӣ Абдуҷаббор Азизӣ дар мавзуи «Соҳибихтиёрии миллӣ зарурат ба ҳимоя аз таҳдидҳои колониалиро дорад»  маъруза намуда, зарурати ҳимояи дастаҷамъонаи соҳибихтиёрии давлатӣ ва миллиро аз таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ва муқовиматҳои сиёсии замони нав таъкид намуда, омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати эҳтироми ҳуқуқи миллатҳо ба соҳибистиқлолӣ, худмуайянкунӣ ва муносибати озодонаю  баробар бо ҳар яки онҳо дар низоми байналмилалӣ иброз дошт.

Ҳамзамон дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ҳаракати «Форуми ҷонибдорони муқовимат бо амалиёти муосири неоколониалистӣ — «барои озодии миллатҳо» мавсуф дар ҳузури роҳбарони аҳзоби сиёсии давлатҳои иштирокчии форуми мазкур маъруза намуд. Абдуҷаббор Азизӣ нисбат ба зуҳури амалиётҳои колониалӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ изҳори нигаронӣ намуда, иштирокчиёни форум ва аъзои Кумитаи доимии онро, бо фикру андешаҳои мушаххас, ҷиҳати такмили фаъолияти дастаҷамъона дар роҳи эҳтироми ҳаққи табии халқу миллатҳо ба худмуайянкунии сиёсӣ ва иқтисодӣ даъват намуд.

Зимни сафари гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Русия бо намояндагони ҳизбҳои сиёсии Русия, Чин, Куба ва Беларус вохӯрӣ баргузор гардид.