Маҳфили адабӣ ба муносибати 50-солагии нашри романи «Па­латаи кунҷакӣ»

Романе чун оинаи зиндагӣ

14 июн дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикис­тон ба муносибати 50-солагии нашри романи «Па­латаи кунҷакӣ»-и устод Фазлиддин Муҳаммадиев маҳфили илмӣ-адабӣ доир гашт. Гардонандаи маҳфил муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод дар оғоз гуфт, ки Фазлиддин Муҳаммадиев аз адибони соҳибмактаб буда, ба насри психологӣ асос гузоштааст. Романи «Палатаи кунҷакӣ» ҳам дар адабиёти мо ва ҳам дар адабиёти умумиит­тифоқӣ аз тарафи пажуҳишгарону хонандагон хуб пазируфта шуда буд. Онро дар радифи романи машҳури Нодар Думбадзе «Қонуни абадият» мегузоранд. Ин асар дар адабиёти мо ҷунбише ба миён овард ва насри андешаро равнақ дод. Адибони соҳибномамон аз ҳамин мактаби адиб тарбия гирифтаанд.

Сипас дар бораи романи мазкур маърузаи ном­зади илми филология Ҳафиз Раҳмон шунида шуд.

Академик Носирҷон Салимӣ аз насри пешин ва имрӯзи адабиёти тоҷик сухан карда, чунин изҳори назар намуд:

— Фазлиддин Муҳаммадиев шахсияти барҷаста ва нависандаи забардаст буд. Ши­нохташ аз рисолати эҷодкорӣ хеле баланд ба назар мерасид. Яке аз адибоне буд, ки забони қавӣ дошт. Завқ ва фарҳанги суннатии мо дар вуҷудаш ҷӯш мезад. «Палатаи кунҷакӣ» тасви­ри корномаҳои насли пешқадами мо мебошад. Бояд ин китоб имрӯз ҳам ба зиндагии мардум ворид карда шавад ва чунин нишастҳо дар телевизионҳои кишвар пахш гарданд. Як мақолаи муқоисавии фарогири Саттор Турсун дар бораи «Палатаи кунҷакӣ»-и Фазлиддин Муҳаммадиев ва «Қонуни абадият»-и Нодар Думбадзе чоп шуда буд, ки дар шинохти ҳарду асар бисёр судманд аст.

— Аксарияти мо, Саттор Турсун, Абдулҳа­мид Самад, Ӯрун Кӯҳзод, Баҳманёр шогирдони Фазлиддин Муҳаммадиев ҳастем. Романи «Палатаи кунҷакӣ» бо теъдоди 14 000 нусха соли 1974 ба нашр расида буд. Воқеаву ҳодисаҳо асарро аз аввал то охир хонданибоб кардаанд. Аз як ҳодиса то ҳодисаи дигар роман хонандаро ка­шида мебарад. Барои боз ҳам хонданӣ шуданаш муаллиф ҷо-ҷо аз ҳаҷв ҳам овардааст. Хулоса, аз ҳар ҷиҳат пухта эҷод гардидааст, — таъкид намуд Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо.

Ба андешаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, адибоне, ки коммунизмро дар вақташ ситоиш кардаанд, аз меъёри инсонии худ ва аз рӯйи виҷдону инсофи худ баҳо додаанд, на аз меъёри касе, ки бо вуҷуди коммунист буданаш кори ношоиста мекард. Маҳмуди Давлатободӣ гуфтааст, ки реализм барои ифшои ҳунар имкони­яти фаровон медиҳад. Фазлиддин Муҳаммадиев ҷомеаро аз рӯйи ахлоқи худаш дидан мехост. Дар ҷузъитарин асарҳояш ҳам кӯшиш дошт, ки тозакорие дар адабиёт ворид намояд. Қолаби ро­маннависиро дигар кард. Баъди маргаш асарҳояш тарҷума шуданд. Нав кардани насри моро Толис оғоз бахшиду Фазлиддин Муҳаммадиев идома дод. Инро дигар устодон ҳам эътироф кардаанд. Бадеияти «Қонуни абадият» баландтар бошад ҳам, андешаҳои иҷтимоӣ ва публитсистӣ дар «Палатаи кунҷакӣ» афзалият доранд. «Палатаи кунҷакӣ» романи замонавист. Агар ба саҳна гузо­шта шавад, ба манфиати мардум мебошад.

Адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон аз хи­слатҳои неки Фазлиддин Муҳаммадиев ёд карда, чунин ибрози андеша намуд:

— Фазлиддин Муҳаммадиев ҳамчун инсон ва адиб намунаи ибрат буд. Ҳарчанд хеле аз ӯ ҷа­вонтар будам, ҳамроҳ сафарҳо доштем. Вақти вафоташ Гулрухсор шеъре навишт бо номи «Марги мардон». Дар масъалаи нашр ва тарҷумаи асарҳояш монеаҳо эҷод мешуданд, лекин худаш ҳарфе намегуфт. Арзишу қимати мероси адабияш ба шахсияташ мутаносиб аст.

Ба гуфтаи нависанда Шодӣ Раҷабзод, қаҳра­монҳои Фазлиддин Муҳаммадиевро аз мушоҳидаи камбудиҳо дар ҷамъият дил месӯзад. Чунки худи муаллиф ҳамин гуна будааст. Қаҳрамонҳо монан­ди муаллиф якқавлу якрӯ ҳастанд. Вақте асарҳои мавсуфро мавриди омӯзиш қарор медиҳем, бояд ҳавзаи адабиёти ҳамон давраро ба назар гирем. Аз ҷумла, эҷодиёти Валентин Распутин, Василий Шукшин, Чингиз Айтматов ва дигаронро. Фазлид­дин Муҳаммадиев мактаби бузурги омӯзишро аз худ гузошт. Ба ин гуна нависанда ҳамеша эҳтиёҷ дорем ва навиштаҳояш мудом манбаи омӯзиш мебошанд.

Дар охир зикр гардид, ки мавзую масъалаҳои дар «Палатаи кунҷакӣ» тасвирёфта имрӯз ҳам дорои аҳаммияти хосанд. Хуб мебуд, ки роман бознашр ва пешкаши хонандагон бигардад.

Бузургмеҳри Тоҷиддин

Манбаъ: navisandagan.tj