ЧАКАН ДАР ПАРИЖ. Тарроҳи тоҷик рангорангӣ, ғановат ва гуногунии онро дар Ҳафтаи мӯд намоиш медиҳад

Тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов аз 21 то 30 июн дар Ҳафтаи мӯди ҷаҳонии Париж либоси миллии тоҷикӣ, аз ҷумла чаканро муаррифӣ мекунад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар Намоишгоҳи байналмилалии мӯдҳои шарқӣ Oriental Fashion Show, таҳти унвони «Роҳи абрешим», ки дар чаҳорчӯби Ҳафтаи бонуфузи мӯд доир мешавад, тарҳҳои либосҳое пешкаш мегардад, ки равшанӣ, рангорангӣ, ғановат ва гуногунии шаклу шеваҳои маъноии гулдӯзии чакани тоҷикиро дорад ва маҳсули ҳунари тарроҳии тоҷикон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки аз 5 то 8 июн дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж барномаи фарҳангӣ бахшида ба рӯзгор ва осори шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардида буд.

Дар барномаи фарҳангӣ аз Тоҷикистон Хуршед Сатторов либосҳои миллии тоҷикиро ба маърази тамошо гузошта буд. Иштироки тарроҳи тоҷик дар барномаи фарҳангии гиромидошти 815 — солагии Мавлоно боис гардид, ки номбурда дар Ҳафтаи мӯди Париж иштирок намуда, чакани тоҷиконро ба намоиш гузорад.

Бояд гуфт, ки соли 2018 ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан – ҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият шомил намуд.

АКС аз Хуршед Сатторов