Маҷаллаи “ал-Баён”-и Робитаи адибони Кувайт як сафҳаи шумораи навбатии худро (июн/2024) барои нашри ашъори шоираи ҷавони тоҷик Сурайё Ҳакимова ва мухтасари тарҷумаи ҳоли ӯ бо пешгуфтори Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бахшидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар медиҳад.
Ашъори шоираро ба забони арабӣ тарҷумони арабизабон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назар таҳти унвони “Шеъри сафед аз Тоҷикистон” анҷом додааст.
Шоистаи ёдоварист, ки маҷаллаи мазкур пештар низ намунаҳои шеъри шоираҳои шинохта Гулрухсор ва Фарзонаро ба ҳаводорони шеър дар Кувайт ва дигар кишварҳои араб пешниҳод намуда, дар тарғиб ва шиносоии шеъри муосири тоҷик саҳм гузоштааст.