ФОРУМИ ЗАНОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Он ба таҳкими нақши занону духтарон дар рушди иқтисодию иҷтимоии ду давлат мусоидат менамояд

Тавре қаблан хабар додем, имрӯз дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ Форуми занони Тоҷикистону Чин таҳти унвони «Ҳамкории занон дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд- як роҳ» бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд ба кори худ оғоз намуд, ки дар доираи он тавсеаи ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду мамлакат баррасӣ гардид.

Дар қисмати дуввум ва сеюми чорабинӣ намояндагони Тоҷикистону Чин дар мавзуи  тавсеаи ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду  давлат маъруза  намуданд.

Форуми мазкур бо мақсади таҳким ва тавсеаи ҳамкории занони Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯбаи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ» доир гардида, барои фароҳам овардани замина ҷиҳати табодули афкор, иттилоот ва таҷриба, тавсеаи ҳамкории минбаъда ва тавонмандсозии нақши занону духтарон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду мамлакат замина хоҳад гузошт.

Барои ноил гардидан ба ҳадафҳои мазкур дар форум масъалаҳои фароҳамории замина барои табодули таҷриба ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам дар соҳаҳои соҳибкорӣ, маориф, тандурустӣ ва фаъолнокии иҷтимоии занон, таҳия ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар доираи ташаббуси «Як камарбанд — як роҳ», таҳкими робитаҳои фарҳангии занони ду мамлакат ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.