ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ ҲУНАРМАНДӢ ДАР ДОИРАИ АМАЛИШАВИИ “БАРНОМАИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025”

Бо мақсади эҳё ва инкишофи ҳунарҳои миллӣ ва муосир, таҳкими мероси фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои таърихии ҳунаромӯзии халқ, ҷалб ва ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии фаъолияти ҳунармандӣ   аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди ҳунарҳои мардумӣ тадбирҳои мушаххас андешида шуда,  барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021-2025 таҳия гардидааст, ки дар доираи амалигардии барномаи мазкур имрӯзҳо дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат ва ҳамчунин дар назди ташкилоту муассисаҳо марказҳои ҳунармандӣ фаъолият менамоянд.

“Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир дар МДТ “Литсейи касбии дӯзандагӣ”-и шаҳри Душанбе“ аз зумраи чунин марказҳое мебошад, ки ҷиҳати эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ имрӯзҳо дар он омӯзиши ҳунари қадима ва муосири миллати тоҷик ба хонандагон  ва бонувони хонанишин ба роҳ монда  шудааст.

Маркази ҳунармандӣ дар муассиса аз моҳи январи соли 2021 фаъолияти худро оғоз намуда, дар ин ҷо бо муҳайё намудани шароитҳои зарурӣ вобаста ба касбу ҳунарҳои милливу муосир  ва ҷалби шаҳрвандон  курсҳои кӯтоҳмуддати касбомузӣ роҳандозӣ шудааст, ки дар соли 2021 дар баробари хонандагони Литсей 10 нафар занони хонанишин  курсҳои кӯтоҳмуддатро аз рӯи касби “Дӯзанда” хатм намуданд. Дар маҷмӯъ аз оғози фаъолияти корӣ аз тарафи марказ 33 нафар касбомӯз бо аз худ намудани касби дӯзандагӣ бо ҳуҷҷати азхудкунии касб таъмин гардиданд.

Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби  “Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир дар МДТ “Литсейи касбии дузандагӣ” – и шаҳри Душанбе“  дар озмун ва намоишҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ  дастовардҳои касбомӯзон ва хонандагони литсей  ба намоиш  гузошта мешавад.