Дар Хуҷанд Намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон ва намунаҳои ҳунари хаттотии Чин доир гардид

Ҳайати бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрӣ-Мулоқоти занони Тоҷикистону Чин дар вилояти Суғд қарор дорад, Намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистон таҳти унвони «Симои зан» ва намунаҳои ҳунари хаттотии Чин бо номи «Моҳияти ҳаёт»-ро тамошо карданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд.

Намоиши асарҳо дар Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»  оғоз гардида, меҳмонони олиқадрро раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода, роҳбарзанони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, муовинони як қатор ниҳодҳои гуногуни ҷумҳурӣ аз ҳисоби бонувон пешвоз ва пазироӣ намуданд.

Раиси Кумита ва роҳбари Федератсияи занони Чин қабл аз оғози намоиш оид ба дастовардҳои занон дар тамоми самтҳои ҳаёт, саҳми назарраси онҳо дар рушду пешрафти ҷомеа, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тадбирҳои баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа, ҳамкории мутақобилан судманди ҷонибҳои Тоҷикистону Чин дар самти кор бо занон ва оила ибрози назар намуданд.

Сипас ҳайати ҷонибҳо бо мусаввараҳои рассомон ва хаттотон аз наздик ошно шуда, оид ба моҳияти онҳо ибрози андеша намуданд.

Намоиш бо тамошои эъҷози дастони ҳунармандони гулдасти вилояти Суғд – кандакорӣ,  оинабандӣ ва  кулолгарӣ ҷамъбаст гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд