Намояндаи доимии Тоҷикистон ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи Созмони Милали Муттаҳид-Занонро раисӣ намуд

19 июн ҷаласаи солонаи Шурои иҷроияи ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид-Занон таҳти раёсати муовини президенти Бюрои Шурои иҷроияи ин ниҳод – Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Зимни ҷаласаи Шурои иҷроия гузориши солонаи Созмони Милали Муттаҳид-Занон оид ба фаъолияти ахлоқӣ,  маъруза оид ба вокуниши амалиётии Созмони Милали Муттаҳид-Занон дар Осиё ва Уқёнуси Ором, ҳисобот дар бораи татбиқи қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (72/279) дар бораи дигаргунсозии низоми рушди Созмони Милали Муттаҳид ва маърӯза дар хусуси барномаҳо ва расмиёти Созмони Милали Муттаҳид-Занон дар барои мубориза бо истисмор, сӯиистифода ва озори ҷинсӣ муҳокима ва баррасӣ шуданд.